Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Патрисиа Виверс Картер
Душанбе, 19.09.2014 (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҳайати намояндагони Бонки ҷаҳонӣ-намояндаи доимии Бонк дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Патрисиа Виверс Картер ва сардори бахши энергетикаи бонки мазкур Ранҷит Ламек мулоқот кард.
Дар мулоқот аз сатҳи ҳамкориҳои кунунии Бонки ҷаҳонӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ шуда, таъкид гардид, ки дар оянда ҳамкориҳои дуҷониба боз ҳам таҳким бахшида хоҳанд шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба масоили иштироки Бонки ҷаҳонӣ дар татбиқи лоиҳаи сохтмони хати барқи баланшиддати КАСА-1000, ҳамкории судманд бо дигар ташкилоту идораҳои бузурги молиявӣ дар татбиқи ин лоиҳаи бузурги минтақавӣ ва доир ба масоили татбиқи лоиҳаи барномаи кам кардани талафоти неруи барқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор карданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






