Мулоқоти Д. Саид бо Ҳомид Читчиён
Душанбе, 2.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Имрўз муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо вазири неруи Ҷумҳурии исломии Эрон Ҳомид Читчиён, ки барои иштирок дар кори ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ба Душанбе омадааст, мулоқот кард. Дар мулоқот масоили вобаста ба рўзномаи ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматӣ ва мавзӯъҳои вобаста ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои энергетика, саноат ва кишоварзӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.Ҷонибҳо зимни мулоқот доир ба сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани корҳои ниҳоии нақби Истиқлол ва неругоҳи барқи обии Сангтўда 2 аз ҷониби мутахассисони эронӣ табодули афкор намуданд. Таваҷҷуҳи зарурӣ ҳамзамон ба тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ, хусусан ривоҷи парандапарварӣ, чорводорӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли мошину механизмҳои таъйиноти кишоварзӣ дар Тоҷикистон зоҳир карда шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






