Мулоқоти Д. Саид бо сафири Амрико дар Тоҷикистон
Душанбе, 18.09.2014. (АМИТ “Ховар”). — Имрӯз муовини якуми Cарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бо сафири Амрико дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиот мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла тақвияти ҳамкориҳои муштарак барои татбиқи лоиҳаи хатти барқии CASA-1000 баррасӣ шуд.
Тавре таъкид шуд, ҷониби Тоҷикистон аз ҳамкории ҳарду кишвар дар татбиқи ин лоиҳаи бузурги минтақавӣ изҳори қанотмандӣ менамояд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҳисоби Агентии рушди байналмилаллии Амрико 7,5 миллион доллари амрикоӣ барои татбиқи ин лоиҳа ҷудо шудааст. Ҳамчунин Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи ин лоиҳа дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон 45 миллион доллари амрикоӣ ҷудо намуда, Бонки исломии Рушд бошад, типқи нақша барои амалӣ шудани ин тарҳи бузурги минтақавӣ 70 миллион доллари амирикоӣ сарамоягузорӣ менамояд.
Хотиррасон мекунем, ки арзиши қисмати тоҷикистонии лоиҳаи CASA-1000 314 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи хориҷӣ барои татбиқи ин лоиҳа бо Хазинаи “Рушди иқтисодии Араб”, Хазинаи “Саудии Рушд”, Хазинаи “ОПЕК”, Хазинаи “Абӯдабби”, Хазинаи “Қатар” ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ ҳамкории судманд дорад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






