Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон
Душанбе, 08.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Малайзия Анифаҳ Ҳоҷӣ Амонро ба ҳузур пазируфт.Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба роҳҳои татбиқи босамари санадҳои дуҷониба ва тавофуқоти судманд, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия моҳи июни соли равон ҳосил шуда буд, зоҳир гардид.Зарурати таъсиси ҳарчи зудтари комиссияи байниҳукуматии ҳамкорӣ ва фаъол намудани он ва ҳамчунин ба роҳ мондани робитаҳои байнипарлумонӣ ва байнисоҳавӣ таъкид гардид.Мусоидат ба густариши робитаҳои мустақими миёни сохторҳои хусусӣ ва соҳибкории ду кишвар низ басо муҳим дониста шуд. Таъкид гардид, ки барои ин, аз ҷумла созишномаи байниҳукуматӣ оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андоз, даромад ва сармоя бояд ба имзо расонда шавад.Бо қаноатмандӣ аз робитаҳои судбахши ду кишвар дар соҳаи маориф, аз ҷумла таҳсили шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик дар Малайзия, таъкид гардид, ин таҷриба бояд густариш дода шавад.Зарурати рушди ҳамкорӣ дар бахши туризм ва дигар соҳаҳои ояндадор низ таъкид гардид.Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба масоили минтақавию ҷаҳонӣ ва атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






