Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ислом Каримов
Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар»).- Мулоқоти басо муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов анҷом дод.
Дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: “Бешубҳа, муносибот бо Ӯзбекистон барои Тоҷикистон аз афзалиятҳои асосӣ ба шумор меравад”. Ҳамчунин таъкид гардид: “Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки мо ба таҳкими муносиботи баробарҳуқуқ бо Ӯзбекистони бародар, тавсиаи арсаҳои ҳамгироӣ ва густариши робитаҳо дар ҳамаи сатҳу зинаҳо самимона манфиатдорем”.
Сарони ҳарду давлат ба таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамсоягӣ, ки тайи таърихи тӯлонии ҳамзистии мардумони ду кишвар ташаккул ёфтааст, изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
Бо таассуф зикр гардид, ки ҳаҷми гардиши мол миёни ду кишвари ҳамсоя аз 300 миллион доллари амрикоӣ дар соли 2007 то ба 2,1 миллион дар соли 2014 коҳиш ёфтааст. Ин дар ҳолест, ки бо назардошти имконоти мавҷуда ҳаҷми солонаи гардиши мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон метавонад беш аз 500 миллион доллари амрикоиро ташкил диҳад.
Зимни суҳбати созанда, ки дар фазои гарму самимӣ ҷараён гирифт, изҳори боварӣ карда шуд, ки мушкилу монеаҳои мавҷуда аз роҳи рушди муносиботи ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла дар доираи Аҳднома доир ба дӯстии абадӣ, ки соли 2000 ба имзо расида буд, бартараф хоҳанд шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






