Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мушовири Сарвазири Покистон
Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар»). -Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мушовири Сарвазири Покистон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азизро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла дар бахшҳои сиёсат, иқтисод ва тиҷорат, сармоягузорӣ ва амнияти минтақавӣ баррасӣ шуд.
Роҳҳои таҳкими ҳамгироии иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ, мусоидат ба татбитқи амалии лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва энергетика аз мавзӯъҳои асосии суҳбат буд. Таъкид гардид, ки ба ҳам пайвастани шабакаҳои нақлиётию барқии Тоҷикистону Покистон, аз ҷумла тавассути хатти барқии CASA-1000 ба манфиати ҳарду кишвар ва ҳам Афғонистон аст.
Ҳарду ҷониб ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар Тоҷикистон ва мусоидат ба густариши робитаҳои миёни сохторҳои хусусии ду кишвар ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои ҳамоиши навбатии Созмони ҳамкории Шанхай дар сатҳи олӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






