Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Афғонистон
Душанбе, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз, қабл аз оғози ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, ки ба ҳайси роҳбари кишвари нозир дар ин созмон ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои гуногуни муносиботи дуҷониба ва минтақавию ҷаҳонии ду кишвари ҳамсоя баррасӣ шуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ба авзои кунунии Афғонистон таъкид дошт, ки ҳифзи амнияту субот ва ваҳдати миллию қавмӣ ва дар ин замина таъсис додани Ҳукумати Ваҳдати Миллӣ натанҳо барои мардуми азияткашидаи ин кишвар, балки барои кулли минтақа басо муҳим аст.
Атрофи роҳҳои татбиқи босамари нақшаю барномаҳои ҳамкории босамар, пурзӯр намудани иқтидори транзитии ду кишвар дар бахшҳои ҳамлу нақл ва энергетика гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки таҷрибаи ғании ҳамгироии босамари Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла дар самти нигаҳдории амнияту субот дар марзи муштараки давлатӣ ва мубориза бо қочоқи яроқу аслиҳа ва маводи мухаддир ва ҳам пешгирӣ аз терроризму экстремизм оянда низ идома хоҳад дошт.
Дар ин замина Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар зарурати “боло бурдани нақши Комиссияи муштараки ҳамоҳангии сохторҳои амниятӣ ва марзии Тоҷикистону Афғонистон” таъкид намуд.
Ҳамчунин доир ба мавзӯоти ҳамоиши навбатии сарони давлатҳои аъзо ва нозири Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар мавзӯъҳо табодули назар карда шуд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






