Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон
Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар»). -Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж, ки ба ҳайси роҳбари яке аз давлатҳои нозир дар Созмони ҳамкории Шанхай барои иштирок дар ҳамоиши сатҳи олии ин созмон ба Душанбе ташриф овардааст, мулоқот намуд.
Дар мулоқот масоили ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Муғулистон баррасӣ шуд.
Ҳарду аз ҷониб аз ҳамгироии сиёсии ду кишвар дар масоили сиёсати минтақавию ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай, изҳори қаноат карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии онҳо ба имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҷавоб гуфта наметавонад.
Аз ин хотир, ба ташкил ва густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодӣ, ба хусус чорводорӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти он ба мисли гӯшту шир ва пӯсту пашм, изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Ҷониби Муғулистон ҳамчунин ба меваю сабзавоти Тоҷикистон мароқи зиёд зоҳир намуд.
Дар робита ба ҳамкории илмию фарҳангӣ таъкид гардид, ки олимону таърихнигорони ду кишвар бояд имкони дастрасӣ ва кор дар бойгониҳои ҳамдигарро дошта бошанд, зеро дар онҳо маъхазҳои ҳанӯз наомӯхташудаи таърихи асрҳои миёна хеле зиёданд.
Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин атрофи дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






