Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Сушма Свараҷ

Сентябрь 11, 2014 16:09

Душанбе, 11.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо як қатор роҳбарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмӣ, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ба Душанбе ташриф овардаанд, мулоқот намуд.Вохӯрии аввал бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Сушма Свараҷ баргузор гардида, зимни он масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуд.Тавре зикр гардид, то ба имрӯз миёни Тоҷикистону Ҳиндустон зиёда аз 50 санади дуҷониба дар соҳаҳои гуногун ба имзо расидаанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо вуҷуди заминаи хуби қарордодию ҳуқуқӣ, ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ, ба имкону захираҳои фаровони мавҷуда ҷавобгӯй нест.Бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи ҳамкории Тоҷикистону Ҳиндустон дар соҳаи гидроэнергетика, ки дар ҷараёни навсозии нерӯгоҳи обии Варзоб-1 андӯхта шудааст, изҳори боварӣ карда шуд, ки робитаҳои судбахш дар ин самт вусъат дода мешаванд. Таъкид гардид, ки Ҳиндустон метавонад дар бунёди иншооти нави энергетикии Тоҷикистон ширкат варзида, оянда содироти нерӯи барқро аз ин ҷо ба ҳудуди худ ба роҳ монад.Чунонки зикр гардид, густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, энергетикӣ ва нақлиётии Тоҷикистону Ҳиндустон ҳамзамон метавонад ба ҳалли мушкилоти Афғонистон мусоидати фаъол намояд.Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илму техника, мудофиа ва ҳифзи амну субот дар минтақа сурат гирифт.

Сентябрь 11, 2014 16:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!