Мулоқоти Фарҳод Салим бо Рон Ҷонсон
Душанбе, 17.09.2014. (АМИТ «Ховар»). — 15 сентябри соли ҷорӣ дар Конгресси ИМА мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим бо Сенатор Рон Ҷонсон (намояндаи иёлати Висконсин) баргузор гардид.
Дар оғози мулоқот сафир Ф.Салим ба сенатор Р.Ҷонсон оид ба муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва ИМА маълумот дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар масъалаҳои амнияти минтақавӣ, лоиҳаҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, мубориза бар зидди гардиши маводи мухаддир ва терроризм мубодилаи афкор намуданд.
Ф.Салим зарурати лағви иловаи Ҷексон Венникро нисбат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сенатор Р.Ҷонсон таъкид карда, густариши муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодиро муҳим арзёбӣ намуд.
Мулоқот дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






