Мулоқоти хоссаи Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин

Сентябрь 13, 2014 10:27

Душанбе, 13.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Дар Қасри миллат мулоқоти хосаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид. Пас аз анҷоми мулоқоти хосаи сарони давлатҳо мулоқоти васеи ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин доир хоҳад шуд. Интизор меравад, ки дар ин мулоқотҳо масоили марбут ба муносиботи дуҷонибаи миёни кишварҳо, бахусус дар соҳаҳои иқтисод ва ҳамкориҳои минтақавӣ муҳокима ва барасӣ гарданд.Маврид ба ёдоварист, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 4 январи соли соли 1992 барқарор шудаанд. Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Душанбе 13 марти соли 1992 ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Пекин 7 апрели соли 1997 ифтитоҳ ёфта, фаъолият доранд.Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Фан Сянжун (августи 2010) ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Олимов Рашид Кутбиддинович (ноябри 2005) таъйин шудаанд . Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро тақрибан 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад.Таърихи дипломатияи муосир гувоҳи рӯйдодҳои назарраси муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар ин давра гардид. Бо имзои Эъломияи муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ саҳфаи нави сифатан баланд дар даҳаи сеюми робитаҳои ду кишвар кушода шуд.Имрӯз Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Ҳаҷми мубодилоти молу маҳсулот миёни ду кишвар аз 2 миллиард доллари амрикоӣ зиёд буда, Чин ба сегонаи бузургтарин шарикони тиҷоратии Тоҷикистон шомил мебошад. Ширкатҳои зиёди бонуфузи хитоӣ дар самтҳои мухталифи кишвар фаъолият карда истодаанд.Имрӯз Чин дар байни шарикони фаъоли тиҷоратии Тоҷикистон яке аз аввалин кишварҳо мебошад. Имрӯз дар 112 макотиби олии Чин зиёда 2 ҳазор донишҷӯи тоҷик таҳсил мекунад. Дар Маркази Конфутсий (ш.Душанбе) донишҷӯёни зиёди тоҷикистонӣ забони чиноӣ меомӯзанд.Ҷониби чиноӣ курсҳои омӯзишӣ, семинарҳо дар самтҳои гуногун барои мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил менамояд. Ҳамзамон дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳои омӯзиши забони хитоӣ мавҷуданд. Шаҳрвандони Чин дар макотиби олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон гӯшаи фарҳанги Чин ифтитоҳ ёфт. Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Чин дар ҳар ду кишвар мунтазам баргузор мегарданд. Тоҷикистону Чин аъзои комилҳуқуқи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ буда, дар ин чаҳорчӯба фаъолона ҳамкорӣ мекунанд.

Сентябрь 13, 2014 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад