Мулоқоти Марҳабо Ҷабборӣ бо котиби генералии Маркази Конфутсий
Душанбе, 13.09.2014. (АМИТ “Ховар”. -Имрӯз муовини Савазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ котиби генералии Маркази Конфутсий Сйю Лийро, ки дар доираи баргузории чорабиниҳои Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.Зимни мулоқот аз дастовардҳои бамиёномадаи фаъолияти Маркази Конфутсий дар Тоҷикистон, ки алҳол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дорад, изҳори қаноатмандӣ карда, ҷиҳати рущди фаъолияти ин марказ ва дар ин замина васеъ ба роҳ мондани омӯзиши забони хитойӣ ибрози андеша карда шуд. Зикр гардид, ки бо мақсади фароҳам овардани шароит барои омӯзиши забони хитойӣ таъсиси боз як Маркази Конфутсий дар назди Донишгоҳи кӯҳӣ – металургии Тоҷикистон дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд қобили дастгирӣ мебошад. Ин имконият медиҳад, ки дар ширкатҳои чинӣ, ки дар ҳудуди Тоҷикистон фаъолият доранд, шаҳрвандони маҳаллӣ низ баъди аз худ кардани забони хитойӣ озодона кор кунанд.Мулоқоти дар сатҳи баланд баргузор шуд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






