Мулоқоти ошкорои Азим Иброҳим бо сокинони водии Бартанг
Душанбе, 29.09.2014. АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар ҷараёни сафари кории хеш ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки аз 23 то 25 сентябр ҷараён дошт, дар водии Бартанг бо сокинони ин минтақа мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод. Дар ин мулоқот паҳлуҳои гуногуни соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии хоҷагии халқ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки роҳ аз Рўшон то ҷамоати Супунҷ ва баъдан то ҷамоати Басит дар ҳолати нисбатан хуб қарор дорад. Дар баъзе аз қисматҳои роҳи зикргардида ба роҳбари муассисаи давлатии назорат ва нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳияи Рўшон супориш дода шуд, ки сатҳи роҳ нисбат ба канори дарёи Бартанг 1 метр боло бардошта шавад. Ҳамчунин ба Ҳадамоти алоқа супориш дода шуд, ки ба ширкатҳои мобилии “Индиго” ва “Мегафон” супориш диҳад, ки як зеристгоҳи мавҷ интиқолдиҳандаашонро вобаста аз ҷойгиршавии маҳалҳои ин водӣ васлу насб намоянд, то сокинони ин минтақаи дурдасти кишвар аз хизматрасонии алоқа бархурдор гарданд.
Бо сокинони ин маҳал суҳбат дар атрофи кушодани коргоҳи коркарди гиёҳҳои шифобахш, васеътар намудани дастрасии аҳолӣ ба захираҳои молиявӣ, гирифтани қарзҳои имтиёзнок барои тиҷорати хурду миёна, кушодани нуқтаи хизматрасонии интиқоли маблағҳо, таъмини водии Бартанг бо духтури акушер- гинеколог, кушодани Гурўҳҳои хурд дар мактабҳои миёна барои фаҳмонидани қоидаҳои тиҷорат дар доираи барномаҳои таълимӣ ва ғайраҳо сурат гирифт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






