Мулоқоти С.Аслов бо намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ
Душанбе, 5.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- 4 сентябри соли 2014 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷа ва Намояндаи доимии тозатаъйини он бонк дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро ба ҳузур пазируфт.
Дар оғози мулоқот Сароҷ Кумар Ҷа Намояндаи доимии тозатаъйини Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро муаррифӣ кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба масъалаҳои миллӣ ва минтақавӣ, ҳамкориҳои судманд миёни Бонки ҷаҳонӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи «Стратегияи нави Бонки ҷаҳонӣ барои солҳои 2015-2018» ва тарҳҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои такмили идораи давлатӣ, бахши хусусӣ, инфрасохтор, энергетика, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва дигар соҳаҳо табодули назар намуданд.
Вазири корҳои хориҷӣ ҳамзамон дар навбати худ зимни изҳори қаноатмандӣ аз сатҳ ва натиҷаҳои ҳамкориҳои дуҷониба бо Бонки ҷаҳонӣ, Намояндаи доимии тозатаъйини он бонк дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картерро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфт ва барои фаъолияти минбаъдаи мавсуф дар ин вазифа муваффақият орзу намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






