Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Бошқирдистон
Душанбе, 11.09.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирўз мулоқоти Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Хамитов, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, доир гардид.
Мо таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро бо минтақаҳои алоҳидаи Федератсияи Русия, бахусус Ҷумҳурии Бошқирдистон аз самтҳои афзалиятноки шарикии стратегӣ ва иттиҳодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия медонем, изҳор дошт Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва изҳори боварӣ кард, ки дар оянда дар ҳамин асос ҳамкориҳои байни минтақаҳои ду давлат боз ҳам рушду тавсеа хоҳанд ёфт.
Дар мулоқот барои ташкили ҳамкории доимии байни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон дар соҳаҳои саноати кўҳӣ ва сўзишворӣ, саноати сабук ва нассоҷӣ, хўрокворӣ, хоҷагии қишлоқ ва коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, рушди парандапарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ табодули афкори судманд сурат гирифт.








Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе






