Мулоқоти Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Бошқирдистон

Сентябрь 11, 2014 09:37

 Душанбе, 11.09.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дирўз мулоқоти Сарвазири мамлакат  Қоҳир Расулзода бо Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия Рустам Хамитов, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, доир гардид.
Мо таҳкими ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратиро  бо минтақаҳои алоҳидаи Федератсияи Русия, бахусус Ҷумҳурии Бошқирдистон аз самтҳои афзалиятноки шарикии стратегӣ ва  иттиҳодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия медонем, изҳор дошт Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва изҳори боварӣ кард, ки дар оянда дар ҳамин асос  ҳамкориҳои  байни минтақаҳои ду давлат боз ҳам рушду тавсеа хоҳанд ёфт.
Дар мулоқот барои ташкили ҳамкории доимии байни минтақаҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Бошқирдистон дар соҳаҳои  саноати кўҳӣ ва сўзишворӣ, саноати сабук ва нассоҷӣ, хўрокворӣ, хоҷагии қишлоқ ва коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, рушди парандапарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ширӣ  табодули афкори судманд сурат гирифт.
 
 

Сентябрь 11, 2014 09:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад