Мулоқоти Ш.Раҳимзода бо Читчиён
Душанбе, 02.09.2014. (АМИТ «Ховар»). – 1 сентябр вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Шариф Раҳимзода бо вазири энергетикаи Эрон Ҳамид Читчиён мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ хабар доданд, Ш.Раҳимзода ба мусоҳиб барои дастгирӣ ва ҳамкории мутақобилан муфид дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёти кишвар изҳори миннатдорӣ кард.
Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории байни ҳар ду кишвар дар бахши энергетика ва сохтори нақлиёт, аз ҷумла дар амри татбиқи лоиҳаҳои неругоҳи барқии «Сангтӯда – 2» ва нақби «Истиқлол» -ро мавриди муҳокима қарор доданд.
Тарафайн ҳамчунин дар мавриди масоили дигар табодули афкор намуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






