Мулоқоти Ш.Саид бо А. Смагулов
Душанбе, 01.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ). – Ҳафтаи гузашта раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Оғибой Смагуловро ба ҳузур пазируфт.
Назар ба хабари маркази матбуоти ПСС ҶТ, ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот аз рушди равобити тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд. Қазоқистон баъди Федератсияи Русия дуюмин шарики тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад.
«Баъди роҳандозии ҷамъомадҳои аҳли тиҷорати ҳар ду кишвар муомилоти молӣ байни Остона ва Душанбе босуръат рушду густариш ёфта, ба барқароршавии муносибатҳои боварибахши соҳибкорони Қазоқистону Тоҷикистон мусоидат мекунад, — гуфт Оғибой Смагулов. Ба имзо расидани даҳҳо қарордоду созишномаҳои ҳамкорӣ ва ҷалби сармояҳои Қазоқистон ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз самарабахшии ин чорабиниҳо шаҳодат медиҳанд».
Мусоҳибон ҳамчунин масоилеро, ки дар Шӯрои аҳли тиҷорати СҲШ баррасӣ мешаванд, мавриди муҳокима қарор доданд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






