Мулоқоти Ш. Зуҳуров бо А. Абдулло

Сентябрь 30, 2014 15:25

  Душанбе, 30.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров доктор Абдулло Абдуллоро ҷиҳати таъйин гардиданаш ба мақоми Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз номи худ ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон табрик намуда ба ӯ комёбиҳо орзу кард. 
              Зимни мулоқоти Ш. Зуҳуров бо А. Абдулло, ки 29 сентябр дар Кобул доир гардид, тақвияти равобити ду кишвари ҳамҷавор дар бахшҳои иқтисод, иҷтимоӣ, энергетика, коммуникатсия, фарҳанг  матраҳ гардиданд. 
               Ш. Зуҳуров таъсиси Ҳукумати ваҳдати миллиро  барои мардуми  афғон  дастоварди бузурги миллати сарбаланди ин кишвар номида, гуфт, ки Шумо дар  ин мақоми олӣ бо садоқату фидокорӣ фаъолияти пурсамар хоҳед кард. Ман мутмаинам, ки фаъолияти Шумо ба рушди муносиботи дӯстонаи мо такони ҷиддӣ хоҳад дод.  
Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки тавсеаи ҳамкориҳои дуҷонибаи  Тоҷикистон ва Афгонистон  ҳамеша дар мадди назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад ва Сарвари кишвари мо ҳамеша дар баромадхои худ густариши ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо ҳамсоягони наздики худ, бахусус Афғонистон пайваста таъкид менамоянд.
Дар мулоқот зикр гардид, ки барои таҳкими равобити Душанбе ва Кобул  дар бахши тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ ва нафту газ имкониятҳои зиёд вуҷуд доранд ва тавсеаи онҳо боиси афзун намудани ҳаҷми гардиши савдои хориҷии ҳар ду кишвар хоҳад гашт. 
Мусоҳибон ҳамзамон аз иштироки фаъоли ҳар ду кишвар дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус дар чаҳорчӯбаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай, Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, Созмони Конфронси Исломӣ  ва рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, равобити парлумонӣ, иктисодию тиҷоратиро меҳвари густариши муносибатҳои дуҷониба қаламдод намуданд.
Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло барои ташрифи ҳайати баландпояи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон изҳори сипос намуда, Тоҷикистонро яке аз кишварҳои азизу самимие номид, ки дарвозаҳояш ҳамеша барои  Афғонистон боз аст, зеро Тоҷикистон,- изҳор дошт Абдулло Абдулло,- ягона кишварест, ки ҳамеша дар лаҳзаҳои вазнину душвор дар паҳлӯи мардуми Афғонистон буд. Мо инро пос медорем ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Мавсуф афзуд, ки Ҳукумати  ваҳдати миллӣ доимо омода аст бо Тоҷикистон ҳамкории судманд дошта бошад. Равобити мо бояд ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ дар шакли густурда тақвият ёбанд ва ҷониби Афғонистон  ҳамеша алоқаманди густариш ёфтани муносиботи гуногунсоҳаи худ бо Тоҷикистон аст. Мо ҳамаи он Созишнома ва қарордодҳоеро,  ки дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат бо ҷониби Тоҷикистон ба имзо расонидаем, иҷро хоҳем кард. — гуфт дар анҷоми мулоқот Раиси Ҳукумати иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло.

Сентябрь 30, 2014 15:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар ҶДММ «Бозори Корвон плюс» вохӯрӣ доир шуд
Интернет барои идора: чӣ тавр метавон кормандонро бо дастрасии боэътимод таъмин кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Сокинони ноҳияи Лахш имсол дар майдони 5552 гектар картошка шинонданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Ваҳдати миллӣ асоси татбиқи ҳадафҳои стратегӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ мебошад
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон яке аз муҳимтарин дастовардҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии охири асри XX ба ҳисоб меравад
Номи «пиряхи Ванҷях» ба «пиряхи Тоҷикистон» иваз карда шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Бохтар таҳти унвони «Номи неки қаҳрамонон ҷовидон мемонад» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН. Дар панҷ моҳи соли равон дар пойтахт 37 маротиба аксияи «Тозагии соҳил» ва 34 маротиба аксияи «Тозагии маҳал» доир гардид
Дар Испания шумораи рекордии фавт аз гармӣ ба қайд гирифта шуд