Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Кристоф Бернасконӣ
Душанбе, 25.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага барои Тоҷикистон қадами муҳим ба сӯи унификатсия (мутобиқсозӣ)-и қонунгузории миллӣ дар ин соҳа бо принсипҳои хусусию ҳуқуқии байналмилалӣ, инчунин мусоидат ба иштироки фаъолонаи намояндагони ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи хусусии байналмилалӣ хоҳад буд». Ин матлабро Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқоташ бо Кристоф Бернасконӣ- Дабири кулли Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ 25 сентябр дар Душанбе зикр кард.
Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки аз соли 2007 инҷониб Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага иқдом менамояд. Аз январи соли 2013 то ба имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи кории байниидоравӣ ҷиҳати ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи Гаага оид ба бекор намудани таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ фаъолона амал мекунад, ки ба ҳайати он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар шомил аст. Зикр шуд, ки тавсияҳо барои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳарчи зудтар ҳамроҳ шудани Тоҷикистон ба Конвенсияи мазкур таҳия шудаанд.
Кристоф Бернасконӣ- Дабири кулли Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ изҳори умедворӣ карда гуфт, ки зимни раёсати Шукурҷон Зуҳуров дар ин мақоми олии қонунгузори Тоҷикистон заминаи мусоид барои тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи бахшҳои Конфронси Гаага оид ба ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ ба вуҷуд хоҳад омад.
К. Бернасконӣ афзуд, ки дар сурати қабул шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи Гаага дар рӯйхати ин конфронс Тоҷикистон зинаи 145-умро ишғол менамояд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






