Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия
Душанбе, 9.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- 8 сентябри соли 2014 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Сри Анифаҳ Ҳоҷӣ Амон, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, баргузор гардид.Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои дӯст доираи васеи мавзӯъҳои муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, туризм, маориф, энергетика ва рушди захираҳои башарӣ ва соҳаҳои фарҳангиву гуманитариро мавриди баррасӣ қарор доданд.Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба масъалаҳои мубрами глобалӣ ва минтақавӣ табодули афкор карда, ҷиҳати таҳким ва густариши ҳамкории муштарак дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Бонки рушди Осиё, Бонки Ҷаҳонӣ ва дигар созмонҳои байналмилалии бонуфуз рағбати ду кишварро таъкид намуданд.Музокирот дар фазои озод ва ҳусни эътимод, ки хоси муносибатҳои дустӣ ва ҳусни эҳтироми Тоҷикистону Малайзия мебошад, ҷараён гирифт.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






