Мулуқоти Шукурҷон Зуҳуров бо Си Ҷинпин

Сентябрь 13, 2014 14:30

Душанбе, 13.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ва ҳамроҳони ӯро ба ҳузур пазируфт.Тавре аз  Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон хабар доданд, дар оғози сӯҳбат Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки аз ҳузури Шумо дар сарзамини Тоҷикон самимона хушнудам ва аз номи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо хайра мақдам мегӯям!Кишварҳои моро муносибатҳои анъанавии дӯстона ба ҳам мепайвандад, ки решаҳояшон аз таърихи куҳан сарчашма мегиранд. Ҳамчун ҳамсоя ва дӯстони нек мо бо хушнудии том аз дастовардҳои беназири Чин дар роҳи расидан ба пешравӣ ва шукуфоӣ ва ҳамчунин нуфузи баланди кишвар дар арсаи байналмилалӣ истиқбол мекунем.Услуби чинӣ дар роҳандозии муносибатҳои байналмилалӣ ҳамеша усулҳои баробарӣ, адолатнокӣ, эҳтироми тарафайн ва дӯстиро таҷассум месозад. Мо инро дар партави рушди муносибатҳои ҳамҷаворӣ миёни кишварҳоямон воқеъан эҳсос менамоем. Аз рӯзҳои нахусти соҳибистиқлолӣ кишвари мо ба таҳкими робитаҳои чандинасраи дӯстона ва тавсеъаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гуногун бо Чин кӯшиш ба харҷ медиҳад ва Маҷлиси намояндагон доимо аз ин сиёсат пуштибонӣ мекунад.Хусусияти стратегии муносибатҳои мо гувоҳи барҷастаи намунаи рушди муносибатҳои байнидавлатӣ буда, тамоми паҳлӯҳои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ ва инсониро фаро мегирад.Мо бо изҳори миннатпазирӣ иштироки Чин дар амалисозии лоиҳаҳои тақдирсози зербиноӣ дар Тоҷикистонро зикр мекунем. Ин бешубҳа кумаки гаронбаҳо дар бунёди низоми ягонаи энергетикӣ, сохтмони роҳҳои мошингарди муосир ва нақбҳо маҳсуб меёбад, яъне дар ҳалли вазифаҳои ҳаётан муҳим барои кишвари мо дар таъмини амнияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуниктсионӣ ифода меёбад.Вохӯриҳои мунтазами Шумо бо Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сафарҳои мутақобила дар сатҳи олӣ бешубҳа омили калидие мебошанд, ки барои ба сатҳи сифатан нав расонидани ҳамкориҳои дуҷониба мусоидат мекунанд.Роҳандозии муносибатҳои стратегӣ миёни Чин ва Тоҷикистон дар соли гузашта ва имзои асноди нав дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ гувоҳи ин гуфтаҳоянд.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки кабули барномаи нави ҳамкории Тоҷикистон ва Чин барои солҳои 2015-2020, ташаббусҳои дуҷониба баҳри сохтмони лӯлаи интиқоли газ, роҳҳои оҳан ва мошингард, иқдомоти пешбинишуда оид ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои фарҳанг, маорифу сайёҳӣ, амният ва мудофиаро мо бо як рӯҳбаландии зиёд пазируфтем.
Мутмаинам, ки қарордодҳои нав барои фаъолияти муштараки минбаъда баҳри некӯаҳволии мардумони кишварҳоямон асоси қавие хоҳанд буд.Дар ин самт бешубҳа тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ низ зарур буда, гурӯҳҳои парлумонии дӯстӣ ва ҳамкории ҳарду ҷонибро мебояд дар ин самт кӯшишҳои зиёд ба харҷ диҳанд. Қобили зикр аст, ки дар мулоқоти имрӯза аъзои гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси умумичинии намояндагони мардумӣ ҳузур доранд.Ҳамкории байнидавлатӣ дастгирӣ аз ҷониби мақомоти қонунгузорро дар назар дорад ва парлумонҳои кишварҳои мо ҳам дар таҳкими заминаи қарордодиву ҳуқуқӣ ва ҳам дар қисмати мусоидат ба иҷрои қарордоду созишномаҳои баимзорасида метавонанд бештар фаъолона ҳамкориҳоро ба роҳ монанд. Дар ҳамкориҳои мутақобила дар арсаи байналмилалӣ низ имконоти зиёд вуҷуд дорад.Ман,- гуфт Шукурчон Зухуров комилан мутмаинам, ки сафари кунунии Шумо, муҳтарам ҷаноби Раис, дар таърих ҳамчун сафари дорои муҳтавои ғанӣ хотирмон боқӣ монда, аз рӯи натиҷаҳои он ҳамкориҳо миёни кишварҳои мо барои некӯаҳволии мардум густариши бештар пайдо мекунанд.Бо истифода аз фурсати муносиб ба Шумо, муҳтарам ҷаноби Раис солимӣ ва дастовардҳои навин баҳри некӯаҳволӣ ва рушди шарики мо – Чин ва ба мардуми дӯсти он – хушиву беҳбудӣ ва шукуфоӣ таманно мекунам!, — гуфт дар анчоми мулокот Шукурҷон Зуҳуров . Раиси Чумхурии Мардумии Чин чаноби Си Чинпин низ ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Тоҷикистонро асос ва таҳкурсии равобит дар дигар самтҳо арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки муносботи байнипарлумонии Душанбе ва Пекин бояд нисбат ба марҳилаи кунунӣ бештар ривоҷу равнақ ёбад, зеро фароҳам овардани шароити мусоиди ҳамкорӣ байни ду кишвар ба рушди робитаҳои байни парлумонҳо иртиботи қавӣ дорад.Раиси Чумхурии Мардумии Чин чаноби Си Чинпин дар маҷмӯъ аз сатҳи муносиботи кишвараш бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ намуда, ҳамзамон ба инкишофи ин ҳамкориҳо дар тамоми соҳаҳо таъкид кард.Хамчунин дар мулокот зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстонаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ миёни ду кишвар дар асоси принсипҳои ҳамзистии осоишта пойдор буда, ба манфиати мардуми ҳарду кишвар босуръат тараққӣ меёбанд. Робитаҳои ду кишвар бештар дар бахши иқтисодӣ марҳилаи рӯ ба рушдро касб кардааст ва сохтмони иншооти бузургу миёна бо сармоягузории Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Тоҷикистон далели ин гуфтаҳо мебошанд. Раиси Чумхурии Мардумии Чин чаноби Си Чинпин хамчунин изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз наздиктарин ҳамсояҳои худ ҳисобида, ҳамеша барои тақвияти муносибот бо ин кишвари дӯст аз тамоми имконот истифода хоҳад кард. Таъкид гардид, ки байни Тоҷикистон ва Хитой то кунун санадхои зиёди муҳими байнидавлатӣ ба имзо расидааст, ки барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба заминаи муносиб фароҳам меоранд. Дар анчоми мулокот Раиси Чумхурии Мардумии Чин чаноби Си Чинпин аз Раиси Мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Шукурҷон Зуҳуров даъват намуд, ки дар вакти барояшон муносиб бо сафари расмй аз Чумхурии Мардумии Чин дидан намоянд.  Ин даъват аз чониби Шукурҷон Зуҳуров бо хушнуди пазируфта шуд.
Дар мулоқот ҳамчунин муовини аввал ва муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев, Назира Гафорова, Мирганд Шабозов, Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, Амирқул Азимов, Сафарали Раҷабов, вакилони Маҷлиси намояндагон Галия Рабиева, Суҳроб Шарипов, Шоди Шабдолов иштирок доштанд.

Сентябрь 13, 2014 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади тақвияти рушди содирот ба бозори ҷаҳонӣ бо хоҷагидорони ноҳияи Ҷайҳун вохӯрӣ доир шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ишкошим 300 бех ниҳоли гуногуни мевадиҳанда шинонида шуд
Дар шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи «Ғалаба» мулоқоти судманд баргузор гардид
Ба воҳидҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон техникаи нав супорида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Вашингтон дар назди мактаб тирпаронӣ ба амал омад
Гурӯҳи кории Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон дар шаҳрҳои Дубай ва Давҳа табодули таҷриба намуд
Ҳамкории байналмилалии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо шарикон тақвият меёбад
Дар Кения шумораи бар асари бориши зиёд ҳалокшудагон аз 200 нафар гузашт
Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад