Муносибати хайрхоҳонаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).-Дар шаҳри Тошканд ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ ва 20-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-уми сентябри соли ҷорӣ чорабинии фарҳангӣ доир шуд.
Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва Вазорати иқтисоди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарону фаъолони марказҳои миллӣ-мадании тоҷикони Ӯзбекистон, ходимони илму фарҳанг, ҳайати дипломатии муқими Тошканд иштирок намуданд.
Роҳбари Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар бораи дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, нақшу моҳияти Сарқонун ва авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон сухан ронд. Дар ин замина аҳамияти муҳими қабули Сарқонуни давлатамон барои гузариш ба марҳалаи нави рушд — ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, барои таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ ва инчунин пойдории сулҳу субот таъкид гардид.
Муносибати хайрхоҳонаи Тоҷикистон бо Ӯзбекистони ҳамсоя махсусан таъкид гардид. Мулоқоти гарму самимӣ ва дорои ҳусни тафоҳуми роҳбарони давлатҳоямон дар ҳошияи нишасти сарони давлатҳои СҲШ дар шаҳри Душанбе баланд арзёбӣ гашта, такони ҷиддии он дидор ба раванди таҳкими муносибатҳои бисёрасраи дӯстона ва мутақобилан судманди ду кишвари дӯст зикр гардид.
Ҳунарнамоии гурӯҳҳои ҳунарии тоҷикони кишвари иқомат ва навогарони мактаби мусиқии №23-и шаҳри Тошканд ба номи Ф. Назаров ба ҷашни Истиқлолияти давлатӣ шукӯҳи хосса бахшид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






