Мусоҳиба Э.Раҳмон бо намояндагони воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Мардумии Чин

Сентябрь 13, 2014 09:39

Душанбе, 13.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ намояндагони воситаҳои ахбори умуми Ҷумҳурии Мардумии Чинро барои мусоҳиба ба ҳузур пазируфт.Дар мусоҳиба, аз ҷумла хабарнигорон аз агентии иттилоотии Синхуа, рӯзномаи Женмин Жибао, телевизиони марказии Чин (CCTV), радиои байналмилалии Чин ва дигар расонаҳои ин давлат, ки аксараш нуфузи ҷаҳонӣ доранд, ширкат доштанд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба суолҳои сершумори онҳо атрофи ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи Тоҷикистону Чин, ҳамгироӣ дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай, авзои минтақа ва ҷаҳон посух дод.Изҳори боварӣ карда шуд, ки ҳамоиши душанбегии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай, сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон, ки имрӯз ҷараён дорад ва санадҳои сершуморе, ки ба имзо мерасанд, ба рушду нумуи муносиботи дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвари ҳамсоя такони ҷиддӣ мебахшанд.

Сентябрь 13, 2014 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд