Мусобиқаи ҷашнӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ

Сентябрь 4, 2014 16:04

Душанбе, 04.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева ).-Бахшида ба 23-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ дар қисми ҳарбии 01972-и вилояти Суғд мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ байни хизматчиёни қисмҳои ҳарбии гарнизони Суғд, ки 3 рӯз ҷараён дошт, имрӯз ҷамъбаст гардид.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд мусобиқа аз рӯи чор намуди варзишӣ миёни 12 даста гузаронида шуда, бо нишондодҳои умумӣ ҷои аввал насиби қисми ҳарбии 08362 гардид ва ҷойҳои баъдиро қисмҳои ҳарбии 02267 ва 08941 касб намуданд.
Муовини комиссари ҳарбии вилояти Суғд, полковник Боймурод Холмуродов ва мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Чкалов -Ҳасан Раҷабов  иштирокчиёни мусобиқаро бо фарорасии ҷашни Истиқлолияти давлатӣ табрик намуда, ғолибонро бо туҳфаҳои Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят қадрдонӣ намуданд.
 

Сентябрь 4, 2014 16:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд