Мусобиқаи кушоди «Десантчиёни ҷавон» — и ТҶММ
Душанбе, 05.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Ҳадафи таъсиси бахши «Десантчиёни ҷавон» — и Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа барои хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, омода намудани наврасону ҷавонон тавассути ташкили маҳфилҳои варзишӣ ва фароҳам овардани шароиту имконоти лозимӣ барои ҷалби наврасону ҷавонон ба намудҳои мухталифи варзиш ва рушди маҳорату малакаи варзишии онҳо ба шумор меравад.
Бахши «Десантчиёни ҷавон» — и Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа ба муносибати 23 — солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки наврасону ҷавонони зиёд мусобиқаи кушод оид ба карате-кёкушинкайро доир намуд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии ТҶММ Абдурақиб Қодиров, дар ин мусобиқа Муҳаммади Нурулло, Ҷаҳонгир Зайниддинов, Фирдавс Раҳмонов, Ҷамшед Ҳоҷиев, Усмон Нуралиев, Иброҳим Тоҳиров, Меҳроҷиддин Ҷалилов, Рабӣ Рабиев, Муҳаммад Исматов ва дигарон ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, малака ва маҳорати хуби варзишӣ нишон доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






