Мусодираи героин аз сумкаи варзишӣ
Душанбе, 19.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе дар кӯчаи Қарабоеви пойтахт ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир капитани милитсия Раҷабов Ҷамолиддин Саидбурҳонович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Душанбе, нозири калони гурӯҳи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ ва лейтенанти калони милитсия Ғаюров Далер Аномуддинович, соли таваллудаш 1988, нозири шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии баталёни Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карданд.
Ҳангоми азназаргузаронии мошини тамғаи «Тайота-Кемри», рақами давлатиаш 90-35 ВМ 01 РТ, ки Ҷ.Раҷабов идора мекард, аз дохили бағоҷи он сумкаи варзишӣ бо бастаҳои селофанӣ дарёфт гардид. дар дохили бастаҳо тақрибан 17 килограмм маводи нашъадори навъи героин дарёфт ва мусодира карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






