Мусодираи героин дар шимоли мамлакат
Душанбе, 03.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Дирӯз, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд кормандони милитсия мошини тамғаи “ВАЗ-2121” таҳти идораи ронанда Худойдод Комилов, соли таваллудаш 1973, истиқоматкунандаи ноҳияи Мастчоҳро боздошт намуданд.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки ҳангоми азназаргузаронии мошини мазкур аз бағоҷи он 14 кг 616 грамм маводи сахттаъсири героин дарёфт ва мусодира шуд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш дар ин самт идома дорад.








Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд






