Мусодираи зиёда аз 7 кг афюн дар пойтахт
Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Дар рӯзҳои истироҳат кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии пойтахт ду сокини шаҳри Душанберо дастгир намуданд, ки аз онҳо зиёда аз 7 кг маводи нашъаовари афюн мусодира гардид.
Тафтишоти пешакӣ нишон дод, ки ин ду нафар узви гурӯҳи ҷинояткор буда, маводи нашъаоварро аз шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон харид намуда, нияти ба қаламрави Федератсияи Русия интиқол додани онро доштаанд.
Дар айни ҳол тадбирҳои зарурӣ барои муайян намудани аъзои дигари гурӯҳи ҷинояткор андешида шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






