«Нақлиёт» муҳоҷиронро ба Русия мебарад
Душанбе, 04.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Нақлиёт», ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд фаъолият мебарад, рӯзҳои наздик муҳоҷирони меҳнатии навбатиро ба Федератсияи Русия сафарбар менамояд.
Тавре ки дар ин бора аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дирӯз 4 нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд аз тариқи тайёра ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз карданд.
Ба иттилои манбаъ, дар асоси шартнома муҳоҷирони меҳнатӣ як сол дар корхонаи ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Победа»-и ноҳияи Ломоносови вилояти Ленинград фаъолияти меҳнатӣ менамоянд. Аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо муҳоҷирони меҳнатӣ оид ба қонуни Федералӣ «Оид ба тартиби воридшавӣ ба Федератсияи Русия ва баромадан аз Федератсияи Русия» суҳбат гузаронида шудааст.
Гуфта мешавад, ки ҷиҳати гирифтани кумаки тиббӣ, иҷтимоиву равонӣ, ҳамчунин имконоти маърифатӣ барои муҳоҷирон ва аҳли оилаи онҳо машварат гузаронида шудааст.
Ҳамзамон мутобиқи ин тағйирот аз 1 январи соли 2014, тартиби нави муҳлати будубоши муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Федератсияи Русия, ки бе раводид ворид шудаанд, амалӣ гардид.
Тибқи шартнома муҳоҷирони меҳнатӣ дар соҳаи кишоварзӣ фаъолият менамоянд ва сари вақт маошашонро мегиранд, ки барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии оилаҳои онҳо мусоидат менамояд.
Муҳоҷирони меҳнатиро корманди ҶСК «Нақлиёт» роҳбаладӣ менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






