Нақши муҳим дар омодасозии мутахассисони низомӣ
Душанбе, 3.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар чорабинии идонае, ки бахшида ба рӯзи донишу дарси сулҳ дар Донишкадаи ҳарбӣ ва Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа доир шуд, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев ва вазири мудофиа генерал лейтенант Шералӣ Мирзо иштирок доштанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ зикр шуд, ки соли равон баъди ба истифода додани биноҳои нави замонавии муҷаҳҳаз бо шароити муосири таълим, шумораи довталабон ба ин муассисаҳои олии ҳарбӣ зиёд гардида, дар айни замон дар курси якуми Донишкадаи ҳарбӣ наздики 300 нафар курсант ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки ин нисбат ба солҳои қаблӣ бештар аст.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати мудофиа, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ягона муассисаи олии ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ мебошад, ки тайи беш аз 20 сол дар омода намудани мутахассисони соҳаи низомӣ нақши муҳим дорад. Умуман, бо дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯён, баҳри дарёфти илми низомӣ дар Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа шароити мусоиди таълиму тадрис фароҳам оварда шудааст.
Таълимгирандагони Литсейи ҳарбӣ, ки нахустин зинаҳои ҳаёти низомиро дар ин муассисаи миёнаи таълимӣ аз худ менамоянд, пас аз анҷоми синфи 9-ум ба он шомил гардида, тӯли ду сол ба омӯзиш ва ба обу тоби ҷисмонӣ фаро гирифта мешаванд ва минбаъд низ метавонанд риштаи таҳсилро дар Донишкадаи ҳарбӣ ва омӯзишгоҳҳои олии ҳарбии кишварҳои хориҷӣ идома диҳанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






