Нахустин истеҳсоли коғаз аз нахи пахта дар Тоҷикистон
Душанбе, 5.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Маҷмааи корхонаҳо, ки имрӯз бо иштироки Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид, инчунин чопхонаи муосир ба фаъолият шурӯъ намуд, ки метавонад дар рушди саноати полиграфии кишвар саҳми сазовор гузорад.
Чопхона имконият дорад, ки ҳама гуна маҳсулоти чопиро бо нархҳои дастрас ва бо сифати баланди ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ нашр намуда, дар баробари ин, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти чопиро афзун намояд.
Бояд гуфт, ки корхона бо назардошти навтарин технологияи воридкардаи худ имконият дорад, ки бори аввал дар кишвари мо истеҳсоли коғазро аз нахи пахта ба роҳ монад.
Бо назардошти ин, Президенти кишвар таъкид намуд, ки ин омил метавонад дар самти истеҳсоли коғази аълосифат, аз ҷумла коғази махсус барои чопи санадҳои гуногун ва коғазҳои қиматнок, инчунин кам кардани арзиши аслии маҳсулот мусоидат намояд.
Ёдовар мешавем, ки дар умум дар маҷмааи ифтитоҳшуда зиёда аз 250 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад.








Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик






