Нахустнамоши филми Носир Саидов: «Муаллим»
Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Нахустнамоиши филми «Муаллим» дирӯз дар Кохи Ҷомӣ ба намоиш гузошта шуд. Филми мазкурро коргардони маъруф Носир Саидов аз ҳаёти омӯзгорон дар солҳои мушкили 90-и асри гузаштаи Тоҷикистон таҳия намудааст
Нақшҳои асосиро дар филм ҳунарманди Эрон Маҳноз Афшор ва Марат Орипов, ҳунарманди маъруфи тоҷик офаридаанд.
Гуфта мешавад, ки филми мазкур аз рӯи сенарияи Сафар Ҳақдодов ва киностудияи “Тоҷикфилм” наворбардорӣ шуда, ба он сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик Далер Назаров оҳанг бастааст.
Марат Орипов, ҳунарманд ва коргардони маъруфи тоҷик баъди беш аз 20 соли бознишастагӣ, ниҳоят дар филми «Муаллим»-и коргардони маъруфи тоҷик Носир Саидов рӯйи саҳна омад.
Мавриди зикр аст, ки Марат Орипов дар зиёда аз 25 филм аз ҷумла дар филми “Қисмати шоир”, нақши Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ва дар филми “Ибни Сино” нақши Абуалӣ ибни Синоро офаридааст.
Ӯ ҳамчунин дар баробари образҳои Одамушшуаро ва Абуалӣ Сино ҳамчунин бо нақши Аҳриман дар филми “Коваи оҳангар” маъруфият касб кардааст.
Марат Орипов ба хотири нақш офаридан дар филми “Қисмати шоир” соли 1959 соҳиби дипломи кинофестивали умумииттифоқӣ дар шаҳри Минск гашта буд.
Марат Орипов унвони Ҳунарманди мардумии Тоҷикистонро низ дар соли 2008- ум соҳиб шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






