Намоиши маҳсулоти «Маквиоли» ва «Шириниҳои Анас»

Сентябрь 30, 2014 15:59

        Душанбе, 30.09. 2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Ҳудуди 10 корхонаю ширкати истеҳсолию хӯроквории пойтахт  дар остонаи иди саиди Қурбон, ки 5 октябр таҷлил мегардад,  маҳсулоти худро зимни баргузории намоишгоҳ дар бинои «Душанбе Плаза» 30 сентябр ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
         Шуҳратулло Фахриддин -мутахассиси пешбари Раёсати тиҷорати муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» мегӯяд, ки ин шашумин намоишгоҳ аст, ки дар соли равони дар бинои мазкур бо ибтикори шаҳрдории Душанбе ба ифтихори ҷашни 90-солагии пойтахт созмон дода мешавад.
        Ҳадафи ташкили чунин намоишгоҳ агар аз як сӯ муаррифии маҳсулоти корхонаҳои саноатии пойтахт, ҷалби ҳарчи бештари муштариён ва паст бурдани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар пойтахт, хусусан дар арафаи ҷашну идҳои суннатӣ бошад,  аз ҷониби дигар он ба рушди соҳибкорӣ дар пойтахт ва рақобатпазир гардонидани маҳсулоти истеҳсолнамудаи ширкату корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ мусоидат менамояд. Бояд тазаккур дод, ки нархи маҳсулоти аз ҷониби корхонаҳои саноатии пойтахт, назири «Маквиоли», «Шириниҳои Анас», «Фабрикаи шири саодат» , «Корхонаи қаннодии Ширин» , «Комбинати полиграфии Душанбе», «Созтарош», «Рангинкамон равшан» ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда дар қиёс ба нархи бозор 5 дарсад паст аст.

 

Сентябрь 30, 2014 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд