Намоиши маҳсулоти соҳибкорони Чин дар Душанбе
Душанбе, 19.09.2014 (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар МД «Кохи Борбад» ифтитоҳи расмии намоиш-ярмаркаи ноҳияи мухтори Синҷону Уйғури Ҷумҳурии мардумии Чин баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки дар ярмаркаи мазкур номгӯи зиёди молҳои саноатӣ, кишоварзӣ, масолеҳи бинокорӣ, таҷҳизоти барқӣ, техникаи маишӣ ва пойафзолу либос ба намоиш гузошта шуд.
Мақсад аз баргузории намоиши мазкур мустаҳкам намудани ҳамкориҳо миёни соҳибкорони Тоҷикистону Чин мебошад
Ҳамчунин ёдрас мешавем, ки имрӯз соати 15:00 дар меҳмонхонаи “Тоҷикистон” бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Чин доир мешавад.
Дар форуми мазкур иштироки соҳибкорони муваффақи ҳарду кишвар дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






