Намоиши «Паймон» дар Хуҷанд
Душанбе, 16.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).- Имрӯз дар Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд филми «Паймон» нахустин бор ба намоиш гузошта мешавад.
Филми мазкурро як гурӯҳ аз ҷавонони вилояти Суғд наворбардорӣ кардаанд. Продюссери ин филм рӯзноманигори ҷавон — Дилошӯб Орифзода ва коргардонаш Муҳиддини Музаффар мебошанд, ки қаблан филми ҳунарии “Ормонҳо”-ро сабт намудааст.
Гуфта мешавад, ки дар филми “Паймон” мушкили мубрами рӯзи ҷомеаи тоҷик — азҳампошии хонаводаҳои ҷавон ба саҳна оварда шудааст. Нақшҳои калидии филми “Паймон”-ро ҳунармандони маъруфи тоҷик Қурбони Собир, Таҳмина Раҷабова, Сироҷиддин Ғафурӣ ва Хуршед Мустафоев иҷро кардаанд.
Гуфта мешавад, ки хазинаи филми «Паймон» 212 ҳазор сомониро ташкил дода, дар маконҳои зебои шаҳри Хуҷанд, аз ҷумла қаҳвахонаи “Хушбахтӣ”, ширкати ширии “Афзали Суғд”, фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ва меҳмонхонаи “Эҳсон” ба навор гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки намоиши филми мазкур дар вилоят бори аввал буда, аз ин қабл «Паймон» дар шаҳри Душанбе манзури тамошобинон гардонида шуд ва аз ҷониби онҳо хуш пазируфта шуд. Филм дар асоси сенарияи Бахтиёр Каримов таҳия гардидааст.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






