Намояндагони КМИР ба Остона рафтанд
Душанбе, 29.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Намояндагони Тоҷикистон ба ҳайси нозирони байналмилалӣ ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Қазоқистон- Сенатро (палатаи болоӣ) , ки 1 октябр доир мегардад, мушоҳида менамоянд. Дар робита ба ин аъзои Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҷумҳурӣ Зиё Раҳмон ва сармутахассиси комиссияи мазкур Далер Сафаров ба Остона- пойтахти Қазоқистон сафар карданд.
Аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки намояндагони Тоҷикистон ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Қазоқистонро дар ҳайати нозирони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мушоҳида менамоянд.
Бояд тазаккур дод, Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон аз ду палата: Сенат (палатаи болоӣ) ва Маҷлис (палатаи поёнӣ) иборат аст. Сенат 47 вакил дошта, 32 нафараш аз ҷониби вакилони маҷлисҳои маҳаллии вилоятҳо интихоб гардида, 15 нафари дигарро Президенти Қазоқистон ба муҳлати 6 сол бо назардошти хусусиятҳои миллию фарҳангӣ ва дигар манфиатҳо ҷиҳати намояндагӣ дар Сенат таъйин менамояд. Инчунин дар ҳар се сол 15 вакил дар Сенати Қазоқистон аз нав интихоб мешаванд.
Дар интихоботи парлумонии Сенати Қазоқистон дар соли равон теъдоди зиёди номзадҳо аз Алма-Ато- 9 нафар, аз вилоятҳои Актюбинск ва Алма-Ато 7 номзад, 6 номзад аз Акмола, Қарағанда ва вилоятҳои шимолии Қазоқистон, аз ҷумла аз Остона, 5 номзад аз Ҷамбул, Қизилорда, Манғистау, Павлодар ва вилоятҳои ҷанубии Қазоқистон, 4 номзад аз Атрау, вилоятҳои шарқию ғарбӣ ва Қустанай пешбарӣ гардидаанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






