Намояндаи нави АНМН дар Қирғизистон
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Капитани хизмати назорати маводи нашъаовар Олимов Сафаралӣ Холмаҳмадович намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (АНМН) дар Ҷумҳурии Қирғизистон, ки бошишгоҳаш дар шаҳри Ӯш аст, таъйин гардид.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти АНМН иттилоъ доданд.
Манбаъ ҳамчунин илова намуд, ки Сафаралӣ Олимов тибқи Фармоиши директори агентии мазкур таъйин шуда, 24 сентябри соли 2014 ба Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карда, ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ шурӯъ намуд.
Намоянда салоҳиятдор аст манфиатҳои агентиро дар муносибатҳои дуҷониба бо Хадамоти давлатӣ оид ба назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ва дигар идораҳои салоҳиятдори Ҷумҳурии Қирғизистон ҳимоя намояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






