Насби хатти технологии нав дар «Порсои Хуҷанд»
Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- Васлу насби хати технологии нав дар коргоҳи нави коркарди шир ва истеҳсоли маҳсулоти ширии «Порсои Хуҷанд», ки маҳсулоти худро бо тамғаи «Файзи Расул» истеҳсол намуданист, идома дорад.Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, директори ҶДММ «Порсои Хуҷанд» Равшанхон Умаров зимни боздиди шаҳрдори Хуҷанд аз ин коргоҳ таъкид намуд, ки ният доранд шири ноҳияҳои Шаҳристон, Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуровро коркард намуда, зиёда аз 10 намуд маводи шириро манзури харидорон намоянд. Бо ин мақсад ҳоло бунёди коргоҳи нав барои васлу танзими се хатти нави истеҳсолӣ бо истифодаи таҷҳизоти кишварҳои Чину Русия идома дорад.Манбаъ зикр менамояд, ки тибқи нақша аввалин маротиба таҷҳизоти коркарди маҳсулоти ширӣ, ки муҳлати нигоҳдориаш то 6 моҳ аст, ба истифода дода мешавад. Дар ин коргоҳ ҳамзамон 50 нафар хоҳишманд бо ҷойи кори доимӣ таъмин гашта, иқтидори он то ба 50 тонна коркарди шир дар як шабонарӯз расонида мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






