Натоиҷи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ
Душанбе, 25.09.2014. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). – 24 сентябр дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар дар мавзӯи «Натоиҷи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай аз соли 2013 то соли 2014» баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар кори мизи мудаввар кормандони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, намояндагиҳои дипломатии хориҷии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин созмонҳои ҷаҳонӣ ва васоити ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ширкат доштанд.
Кори мизи мудавварро муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода ҳусни ифтитоҳ бахшида, ба ҳозирон аз натоиҷи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ хабар дода, ҳамтоёни худ, мушорикони аъзои СҲШ ва ашхоси дигари ширкатдоштаро даъват намуд, ки фикру мулоҳизаҳояшонро баён намоянд. Ҳамчунин аҳамияти ҳуҷҷати хотимавии ҳамоиши СҲШ дар шаҳри Душанбе, ки онро сарони давлатҳои узви Созмон имзо намудаанд таъкид гардид.
Ёддошти намунавӣ дар бораи ӯҳдадориҳои давлати дархосткунанда ба манзури пайдо намудани мақоми давлати узви СҲШ ва Тартиби додани мақоми давлати узви СҲШ аз ҷумлаи ҳуҷҷатҳое маҳсуб меёбанд, ки аз рӯи натиҷаи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ дар шаҳри Душанбе қабул шудаанд. Анҷоми муваффақонаи раванди даҳсолаи гуфтушунид барои мутобиқ намудани лоиҳаи Созишномаи байни ҳукуматҳои давлатҳои узви СҲШ ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои боркашонии байналмилалии автомобилӣ натиҷаи муҳими раёсати Тоҷикистон дар СҲШ буд.
Парвиз Давлатзода дар хотимаи мизи мудаввар изҳор дошт, ки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ба таҳкими дӯстии миёни халқҳои давлатҳои аъзо ва ҳамкорӣ дар бахши ҳамаи масоили рӯзномаи Созмон мусоидат намуд.
Дар ҷараёни кори мизи мудаввар намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ҳамтоёнашонро аз кори анҷомёфта ва натоиҷи судманд дар давраи раёсати Тоҷикистон дар СҲШ воқиф намуданд.
Намояндагони сафоратҳо аҳамияти мақоми Тоҷикистон дар СҲШ – ро зикр карда, натиҷаи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созмони мазкурро ба дараҷаи баланд арзёбӣ намуданд.








Дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид






