Навсозии пули Бунай дар Ванҷ
Ванҷ 4.09.2014. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Наздики ду моҳ аст, ки пули мошингузари деҳаи Бунайи ноҳияи Ванҷ хароб гардида, ҳаракати нақлиётро дар деҳоти болоии ин ноҳия ғайриимкон гардонидааст.
Ин пул дар аввали солҳои 70- ум сохта шуда, бештари масолеҳи он аз чӯбу тахта мебошад. Дар давоми бештар аз 40 сол бар асари боду борон ва ба иллати солҳои тӯлонӣ аз таъмир дар канор мондан, комилан аз истифода баромад. Сабаби дигари вайрон гаштани пул аз болояш гузаштани мошинҳои гаронвазн мебошад, зеро иқтидори аксарияти пулҳои сохти шӯравӣ камтар аз 15 тонна пешбинӣ шудааст. Аммо ҳоло аз болои ин пул мошинҳои вазнашон то 60 тонна убур мекунанд.
Барои таъмир намудани он аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии дастгохи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 650 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст ва қарор аст онро пурра таъмин намуда ба талабот ҷавобгӯ намоянд.
Навсозии пули мазкур то охири моҳи сентябр дар назар дошта шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






