Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ба муносибати 23-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 8, 2014 23:01

Душанбе, 08.09.2014 (АМИТ «Ховар»).- Ба муносибати бисту сеюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ, раисони созмонҳои ҷамъиятӣ номаҳои шодбошӣ ворид гардиданд.Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Россия Владимир Владимирович Путин омадааст:“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,Табрикоти самимии маро ба муносибати Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.Ба муносиботи шарикӣ, иттифоқии мавҷудаи миёни Россия ва Тоҷикистонро баҳои баланд медиҳем. Ба иштироки фаъоли кишвари Шумо дар ҳамкориҳои бисёрҷониба дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, СААД ва СҲШ арҷ мегузорем. Мутмаинам, ки мо дар оянда низ бо муваффақият муколамаи созандаи сиёсӣ, ҳамкориҳои мутақобилаи тиҷоратю иқтисодӣ, илмю техникӣ ва робитаҳои гуманитарӣ, инчунин ҳамоҳанг кардани кӯшишҳоро дар ҳалли масоили муҳими рӯзмарраи минтақа вусъат медиҳем. Ин аз ҳар ҷиҳат ҷавобгӯи манофеи халқҳои бародари мост ва ба самти таъмини субот ва пешрафти Осиёи Марказӣ ҷавобгӯ аст.Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, ба Шумо саломатии бардавом, , муваффақиятҳо ва ба тамоми ҳамватанони Шумо – сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам”.__________________________________________________
Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой Си Тзинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Сарвари давлати мо чунин менигорад:“Ҷаноби Олӣ,Ба муносибати 23-умин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Халқии Хитой ва халқи Хитой, инчунин шахсан аз худам ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва халқи дӯсти тоҷик табрикоти самимона ва беҳтарин таманниётро баён медорам.Дар давоми 23 сол, пас аз соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо роҳи рушдро бо хусусиятҳои хоси миллӣ тай намуд, корҳои давлатӣ рӯз то рӯз пешраванд. Ҷониби Хитой ҳамчун ҳамсояи дӯст ва шарики стратегӣ аз ин муваффақиятҳо самимона шод аст.Муносиботи Хитой ва Тоҷикистон нишондиҳандаи намунавии ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд аст. Бо таваҷҷӯҳи зиёд ба муносиботи Хитой ва Тоҷикистон, барои мунтазам боло бурдани муносиботи шарикии стратегии Хитой ва Тоҷикистон ба зинаҳои нав ман омодаам бо Шумо кӯшиши якҷоя ба харҷ диҳам.Бо даъвати Шумо ба наздикӣ ман бо сафари расмӣ ба кишвари Шумо меравам ва дар саммити Душанбегии СҲШ иштирок мекунам. Бесаброна мунтазири мулоқот бо Шумоям, то мо битавонем дар бораи дӯстиамон табодули назар кунем ва якҷоя нақшаи ояндаи муносиботи Хитою Тоҷикистон ва рушди СҲШ-ро баррасӣ намоем.Ба Шумо саломатии бардавом ва комёбиҳо таманно дорам.Шукуфоии Тоҷикистони дӯст ва хушбахтии халқи онро орзумандам”.________________________________________________Подшоҳи Мамлакати Арабистони Саудӣ Ходими Ҳарамайни Шарифайн Абдуллоҳ ибни Абдулазиз Оли Сауд дар номааш гуфтааст:“Ҷаноби Олӣ, бародари гиромӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Худо нигаҳбонатон бошад!Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Ва баъд:Боиси хушнудии мост, ки ба муносибати Рӯзи истиқлолияти кишваратон, ба Шумо Ҷаноби муҳтарам, аз номи мардуму Ҳукумати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва аз номи худамон самимонатарин табрикот ва беҳтарин таманниётро барои офияту саодатмандии Шумо изҳор намуда, ба халку Ҳукумати Тоҷикистони бо мо бародар пешрафту шукуфоии пайдарпай хоҳонем.Ҷаноби Олй дуруду қадрдонии моро пазиро бошанд”.______________________________________________Президенти Ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:
 
“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,Аз номи халқи белорус ва шахсан аз номи худам табрикоти самимиро ба муносибати ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи истиқлолияти давлатӣ қабул фармоед.Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба нишондодҳои назаррас дар давлатсозӣ, рушди иқтисодӣ ва соҳаи иҷтимоӣ, таҳкими нуфузи байналмилалӣ ноил гардид.Бо қаноатмандӣ пешрафти рушди ҳамкориҳоро миёни Ҷумҳурии Белорус ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бар боварии мутақобила, эҳтиром ва дастгирии дӯстона асос ёфтаанд, қайд мекунам.Мутмаинам, ки муносибати ҷиддии ҳарду ҷониб ба татбиқи якҷояи созишномаҳои дар сатҳи олӣ ба даст омада имкон медиҳад динамикаи ҳамкориҳои бисёрҷанба зиёд карда шавад.Аз самими қалб ба Шумо , муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, саломатии бардавом, муваффақиятҳо, дар татбиқи нақшаҳои минбаъда комёбӣ, ба халқи Тоҷикистон сулҳ ва шукуфоӣ таманно дорам. ”.________________________________________________Пранаб Мукерҷӣ, Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Сарвари давлати моро чунин шодбош гуфтааст:“Ҷаноби ОлӣБоиси шарафмандии ман аст, ки аз номи Ҳукумат, мардуми Ҳиндустон ва шахсан аз номи худам Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ва тамоми мардуми бародари Тоҷикистонро ба муносибати 23-юмин солгарди Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намоям.Муштаракоти таърихию фарҳангии Тоҷикистону Ҳиндустон барои густариши сареъи ҳамкорӣ дар давраи нав заминаи хуб ва шароити мусоид фароҳам оварданд. Боварии комил дорам, ки муносибатҳои байни ду кишвар дар солҳои оянда боз ҳам тақвият ва рушд хоҳанд ёфт. Бо мақсади таъмини сулҳу субот ва тараққиёт дар ҷаҳон, барои таҳкими муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байну ду кишвар кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.Бо истифода аз фурсат мехоҳам волотарин таманниёт ва эҳтиромоти бепоёни худро изҳор намуда, ба Шумо. Ҷаноби Олӣ, саломатӣ ва ба тамоми мардуми бародари Тоҷикистон комёбиҳои беназир орзу намоям”.Номаҳои табрикотӣ ҳамчунин аз Маликаи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ – Елизаветаи II, Президенти Конфедератсияи Швейтсария – Дидйе Бурхалтер, Папаи Рум – Франсиск, Котиби Генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ – Николай Бордюжа, Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон – Шоҳзода Карим Исмоил Оғохони IV, расиданд.Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвонии Президенти мамлакат ба муносибати 23-умин солгарди истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд.

Сентябрь 8, 2014 23:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон ҳамкориро бо Пажуҳишгоҳи нидерландии «Клингендаел» тавсеа мебахшад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад