Нуқтаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар Спитамен
Хуҷанд, 10.09.2014. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар рӯзҳои таҷлили Истиқлолияти миллӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд баъди таъмиру таҷдид бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ ва бо харҷи наздик ба 20 ҳазор сомонӣ дар маркази ноҳия- шаҳраки Нов утоқи нозирони минтақавӣ ба истифода дода шуд. Тавре ки ба хабарнигори мо дар Суғд роҳбари маркази матбуоти РВКД дар вилояти Суғд, лейтенанти калони милитсия Акбар Шарипов иттилоъ дод, икдоми мазкур «Дар дораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва тавсеаи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» роҳандозӣ шудааст. Дар минтақаи хизматии мазкур ҳамаи шароитҳо, аз қабили таҷҳизоти зарурии хизматӣ- техникаи компютерӣ, воситаи алоқа, кондитсионер, мизу курсӣ, ҷевон муҳайё шудаанд, ки дар оянда баҳри пешбурди хизмати кормандони он мусоидат хоҳад кард.Ин дуюмин нуқтаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ мебошад, ки бо иқдоми раиси ноҳияи Спитамен баҳри таъмини шароити кории нозирони минтақавӣ аз таъмири куллӣ бароварда шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






