Оғози ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай
Душанбе, 12.09.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай ба кор шуруъ намуд.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро дар толори Дидори Кохи Наврӯз як-як истиқбол мегирад.
Роҳбарони давлатҳо бо тартиби зайл ба толор ворид шуданд:
Президенти Ҷуҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев;
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин;
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмазбек Атамбоев;
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Ислом Каримов;
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин.
Қабл аз оғози ҷаласаи теъдоди маҳдуд сарони 6 давлати аъзои созмон дар тарафи дигари ҳамин толор акси хотиравӣ гирифтанд.
Ҷаласаи теъдоди маҳдуд, ки дар он танҳо сарони 6 давлати аъзои созмон иштирок мекунанд, дар толори Зарандуд баргузор идома дорад. Ин толор бо сутунҳои сангин ва нақшу нигори болои сангҳои гуногуни нимқимматбаҳо ва ороишӣ ба мисли лоҷувард, оникс, хоро, мармар ва ғайра оро ёфта, хеле зебо назаррабо аст.
Роҳбарон ва намояндагони воломақоми кишварҳои нозири созмон ва меҳмонони олимақоми дигар, аз ҷумла Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай, Президенти Муғулистон Сахиагийн Элбегдорж, Президенти Туркманистон Гурбонгули Бердимуҳаммадов, Вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ ва Мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Сартоҷ Азиз барои иштирок ба ҷаласаи теъдоди васеъ дертар даъват карда мешаванд.
Қабл аз ҷаласаи теъдоди васеъ аксгирии умумии сарони давлатҳои аъзою нозир ва меҳмонони воломақом баргузор мешавад.
Санадҳое, ки дар ин ҳамоиш мувофиқа шуда, ба имзо мерасанд, аз ҷумла қарорҳо дар бораи уҳдадориҳои давлати довталаб ба узвияти созмон ва тартиби додани мақоми давлати узв, барои қабули аъзои нав ба Созмони ҳамкории Шанхай роҳ мекушоянд. Ҳамин тариқ ҳамоиши душанбегии ин созмони дорои нуфузи ҷаҳонӣ барои ин кор роҳкушо хоҳад буд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






