Оғози Форуми миллии рушди хизматрасонии тиббӣ

Сентябрь 23, 2014 11:14

Душанбе, 23.09.2014. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Имрӯз, 23 сентябр бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гурӯҳи ҳамоҳангсози назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи лоиҳаи «Рушди хизматрасонии тиббӣ» ва дастгирии молиявии Бонки ҷаҳонӣ Форуми миллӣ бо иштироки шарикони байналмилалӣ оид ба ворид намудани механизми нави маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ кори худро оғоз кард.
Ҳадафи  асосии  форум танзими идораи маблағгузории соҳаи тандурустӣ дар чорчӯбаи татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020», муҳокимаи расмии раванди ворид намудани механизми нави маблағгузорӣ дар соҳаи тандурустӣ мебошад.
Дар  конфронс вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, сардори раёсати рушди иҷтимоии дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулҷаҳон Туманова, менеҷери минтақавии Бонки ҷаҳонӣ Патрисия Виверс-Картер, сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ Вези Мсиша ширкат доранд. Ҳамчунин дар кори Форум ширкати беш аз 100 нафар роҳбарону мутахассисони соҳаи тандурустии кишвар, шарикони байналмилалӣ оид ба рушд ва меҳмонони хориҷӣ дар назар аст.
Зимни суханрониҳо дастовардҳо ва роҳҳои ворид намудани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ва ҷорӣ намудани роҳу усулҳои нави маблағгузории соҳа мавриди назар қарор мегиранд.
Сармутахассиси  Бонки ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ Вези Мсиша баён дошт, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ дар баробари дигар соҳаҳои иҷтимоиёт ба соҳаи тандурустии кишвар таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Дар натиҷаи дастрасӣ сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолӣ, хусусан ба табакаҳои осебпазири он тадриҷан беҳтар гардида истодааст. 
Вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Салимзода, аз ҷумла кумакҳои пайвастаи Бонки ҷаҳониро, ки ба ҳалли масъалаҳои афзалиятноки рушди соҳаи тандурустии  кишвар равона гардидаанд, зикр намуд. 
Дар ҷараёни кори форум намояндагони соҳаи тандурустӣ аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ва  Арманистон ширкат доранд, ки онҳо иштирокчиёнро бо дастовардҳо ва таҷрибаи худ дар ин самт шинос хоҳанд намуд. 
Хотиррасон мекунем, ки кори Форум пагоҳ, 24 сентябр идома хоҳад ёфт. 

Сентябрь 23, 2014 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!