Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар истаравшан

Сентябрь 11, 2014 11:27

Душанбе, 11.09.2014. (АМИТ «Ховар», Зарангези Латиф).-Зимни сафари кории раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба Истаравшан мумфаршкунии боз як кӯчаи маҳаллаи Ясии ҷамоати деҳоти Гули Сурх  ба масофаи 500 метр оғоз шуд.
Гуфта мешавад, ки кӯчаи мазкур аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмир шуда, иқдоми ҷавобӣ ба ташаббуси сокинони маҳалла аст, ки худ низ ба кори навсозии кӯчаҳо бо ҷидду ҷаҳди зиёд даст задаанд. Аҳли ин деҳа бо ҷалби соҳибкорони хайрхоҳ ва маблағи ҷамънамудаи худи сокинон беш аз 8 километр кӯчаҳои дохили маҳалларо пурра қирпӯш кардаанд ва бо мумфаршкунии кӯчаи мазкур муаммои роҳҳои ин мавзеъ пурра ҳал хоҳад шуд. Қабл аз мумфаршкунӣ, бо ташаббуси мардуми маҳал ва кумаки соҳибкорон муаммои таъминот бо оби нӯшокӣ низ аз байн бурда шуд.
 
 
 

Сентябрь 11, 2014 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд