Оғози сафари давлатии Си Ҷинпин ба Тоҷикистон
Душанбе, 13.09.2014. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр).- Ин лаҳзаҳо дар назди Қасри Миллат маросими истиқболи расмии Раиси Чумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо тантана ҷараён дорад. Ба ин муносибат дар саҳни ҳавлии Қасри Миллат парчамҳои давлатии Тоҷикистону Чин афрохта шуда, Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростаанд.Меҳмони олимақом-Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпинро Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.Тибқи муқаррароти сафарҳои давлатӣ фармондеҳи Горди фахрӣ ба меҳмони олимақом гузориш дод ва сурудҳои миллии ҳарду давлат садо доданд.Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин бо ҳайатҳои расмии ҳарду ҷониб аз наздик шинос шуданд.Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин 11 сентябри соли 2014 бо сафари давлатӣ ва ҷиҳати иштирок дар саммити сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 11-12 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе доир гардид, ба пойтахти Тоҷикистон омад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






