Омӯзгорон аз аттестатсия мегузаранд
Душанбе, 1.09.2014. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).- Сардори Давлат Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифадор кард, ки аз оғози соли таҳсили 2014-2015 аттестатсияи пурраи омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимии кишварро ба роҳ монад.
Президенти кишвар зимни суханронӣ дар тантанаҳои Рӯзи дониш ва дарси сулҳ зикр кард, ки таҷрибаи таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки афроди босаводу донишманд барои ҳар як давлату миллат сарвати бебаҳо ва неруи тавонои зеҳнӣ ба шумор мераванд.
Э. Раҳмон зарур шуморид, ки Вазорати маориф ва илм доир ба таъмини сифати таълиму тарбия, таҳияи нақшаву барномаҳои нави таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ, махсусан барои ихтисосҳои омӯзгорӣ чораҷӯӣ намуда, дар самти ҷорӣ кардани усулҳои наву фаъоли таълим бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву иртиботӣ ба донишгоҳ мусоидат намояд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад






