Омӯзиши ҳунарҳои миллӣ дар ДДХ
Душанбе, 24.09.2014. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Б.Ғафуров тасмим гирифтааст, ки ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои миллии ниёгон, аз ҷумла рушди қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ, косибӣ ва дигар ҳунарҳои миллӣ дар назди Парки технологии донишгоҳ сехи дӯзандагӣ ва омӯзиши ҳунарҳои миллиро ба роҳ монад.
Тавре ки аз Маркази иттилоот ва таҳлили раёсати донишгоҳ иттилоъ доданд, яке аз ташаббускорони ин иқдоми шоиста донишҷӯи соли сеюми ихтисоси технологияи шуъбаи ғоибонаи факултаи физика ва техникаи донишгоҳ Махсуна Нуъмонова мақсади кушодани сехи мазкурро дар эҳё намудани ҳунарҳои миллӣ ва аз байни донишҷӯён бозёфти истеъдод дар самтҳои гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ ва алалхусус қолинбофии дастӣ мебинад.
Ҳадафи асосии эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, пеш аз ҳама, бо ҷои кор таъмин намудани занону духтарони бекор ва хонашин, кам кардани сафи занони муҳоҷир, татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии падидаҳои номатлуб байни наврасон ва занону духтарон ва ба ин васила муаррифии ҳунарҳои миллӣ дар замони нави таърихӣ аст. Аз таърих маълум аст, ки занону духтарони тоҷик дар хонаҳо бо дӯхтани сӯзаниву гулдӯзӣ, зардӯзиву қолинбофӣ машғул гардида, рӯзгорашонро пеш мебурданд. Ва имрӯз низ ҳар як бонуи тоҷик аз ин санъат бояд бохабар бошад.
Баҳри амалӣ намудани ин иқдоми нек аз тарафи ректори донишгоҳ Ғафурҷон Усмонов шароити лозимӣ ва кофӣ ҷиҳати ба фаъолият оғоз намудани сехи дӯзандагӣ ва омӯзиши ҳунарҳои миллӣ муҳайё шудааст. Гуфта мешавад, ки дар рӯзҳои наздиктарин ин коргоҳи таълимӣ ифтитоҳ мешавад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






