Омодагии ҷиддии Тоҷикистон ба Форуми байнипарлумонӣ
Душанбе, 19.09.2014.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- Дар Душанбе таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев нахустин ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Форуми чоруми байнипарлумонии «Русия -Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ва Конфронси сеюми ҳамкории иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистон ва Русия, ки 22-25 октябри соли равон дар шаҳру вилояти Маскави Федератсияи Русия баргузор мегардад, доир шуд.
М. Убайдуллоев дар иртибот ба ин чорабиниҳо аз аъзои Кумитаи тадорукот даъват намуд, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани ҳамоиш ва конфронси мазкур тадбирҳои мушаххас андешида, омодагии ҷиддӣ бинанд.
Вобаста ба мавзӯъҳои мизи мудаввар, ки дар доираи Форум баргузор мегарданд, раиси Маҷлиси миллӣ ба аъзои Кумитаи тадоркот дастур дод, ки воқеияти ҷараёни татбиқи созишномаву қарордодҳои мавҷудаи сатҳҳои гуногун таҳлил ва барои аз байн бурдани монеаҳои ҷойдошта таклифҳо омода созанд. Дар иртибот роҳбарони мизҳои мудаввар аз ҷониби Тоҷикистон мушаххас гардиданд. Қарор шуд, ки ҳар ҳафта таҳти раёсати раиси палатаи болоии Парлумони ҷумҳурӣ ҷаласаи Кумитаи тадорукот доир мегардад, ки дар он роҳбарони ва маърузачиёни чорабиниҳо ширкат хоҳанд кард.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






